Бизнес-джет в Швеции

Авиация в Швеции

Аренда самолета

Авиатсияи хурду тиҷоратии Аврупо ва Шветсия

Дар тамоми ҷаҳон талабот нисбати киштиҳои ҳавоии авиатсияи тиҷоратӣ афзоиш меёбад. Чунин навъҳои шахсии ҳавопаймоҳои сабук бароҳат мебошанд, ба 6-8 нафар пешбинӣ карда шуданд, нишемани кушодро доранд, ки дар он одатан ҳамаи шароитҳо барои истироҳат ё кор дар баландии як чанд ҳазон метр аз болои замин фароҳам оварда шуданд: техникаи компутерӣ, дастрасӣ ба интернет, системаи назорати иқлим ва изолятсия аз садо.

Киштиҳои реактивӣ то бора муд мегарданд, онҳо ҳавопаймоҳои турбовинтӣ ва поршневиро иваз мекунанд. Ба ҳисоби миёна дар Аврупо тавассути бизнес-ҷетҳо 70 ҳазор рейсҳо анҷом дода мешаванд. Муддати соли 2018 шумораи парвозҳо ба 3% зиёд шудаст. Дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва минтақавии бисёр давлатҳо секторҳои алоҳида барои бизнес-авиатсия кушода мешаванд. Истеҳсолкунандагони ҷаҳонии ҳавопаймоҳо баҳри баровардани бизнес-ҷетҳои нав – аз авиатсияи сабук то трансконтиненталӣ сайъю кӯшиш менамоянд.

AVIAV TM (Cofrance SARL) ба сифати аъзои ассотсиатсияҳои бонуфузи соҳа — EBAA (Ассотсиатсияи Аврупоии авиатсияи корӣ) ва NBAA (Ассотсиатсияи Амрикоии авиатсияи корӣ) баромад карда — доир ба иҷораи боэътимоди ҳавопаймоҳои авиатсияи хусусӣ дар Шветсия барои парвозҳои корӣ хизматрасониҳои хешро пешниҳод мекунад.

  • Оғози парвоз дар вақти барои фармоишгар қулай,
  • Нишеман-офис,
  • Хӯрок дар канор аз ширкатҳои кейтерингӣ

– ба хизмати мизоҷони эҳтимолии ширкат.

VIP-сервис аз AVIAV TM (Cofrance SARL) – ин толорҳои интизории беҳтарин, таомнома аз тарабхона зимни парвоз, трансфер тавассути лимузинҳо, чархболҳо ва яхтаҳо.

Дар соли 2009 ширкати бритониявии Ocean Sky, дорои маъруфияти умумиҷаҳонӣ, якҷоя бо интиқолкунандагони авиатсионии шветсиявӣ намояндагии нави авиатсияи тиҷоратиро дар Шоҳдории Шветсия кушодааст, ки ин тадбир барои парвозҳои тиҷоратӣ аз брокери байналмилалии AVIAV TM ба ин кишвар чун лаҳзаи тақдирсоз гардида буд. Дар фурудгоҳи пойтахт Стокголм маркази маҷмӯъии хизматрасонии авиатсияи хусусӣ ва хурд – FBO (сервисҳо барои мусофирон, сарнишинон, техникон) барпо дода шудаст.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Гётеборг-Сити, ба ғайр аз лоукостерҳои машҳур киштиҳои бизнес-авиатсияи Швеция мавқеъ гирифтаанд, ки шумораи зиёди онҳо аз они мизоҷони AVIAV TM мебошад. Сайёҳони хусусиро ҷойгиршавии қулайи бандари ҳавоӣ – нӯҳ километр дур аз маркази шаҳр ва вуҷуди инфросохтори муосир ҷалб менамоянд. Дар аэродром ду аэроклуби кӯҳансоли авиатсияи хурд: Aeroklubben i Göteborg ва Chalmers низ ҷойгир шуданд.

Кадом ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар AVIAV TM (Cofrance SARL) ба иҷора дода мешаванд

Навъҳои мусофиркашу боркаши киштиҳои ҳавоии беҳтарини муосир.

Ҳавопаймоҳо:

  • Gulfstream;
  • Bombardier;
  • Learjet ва Cessna Citation-и навтарин;
  • Saab 340 ва 2000-и шветсиявӣ;
  • Sukhoi Superjet;
  • Embraer;
  • Fokker;
  • Dassault Aviation;
  • Pilatus;
  • Hawker Beechcraft 800А.

Чархболҳо:

  • Eurocopter;
  • Dunali;
  • Ми-8.

Ҳамаи киштиҳо бо системаҳои электронии навигатсионӣ, нишемани бароҳат таҷҳизонида шуданд ва аз тарафи экипажҳои боэътимод идора карда мешаванд.

Ширкати авиатсионии SAAB дар ҷаҳони авиатсияи тиҷоратӣ

Яке аз ҷетҳои машҳуртаринро, пеш аз ҳама дар Шветсия, ширкати шветсиявии авиатсионии SAAB истеҳсол мекунад – ин навъи SAAB 2000 мебошад. Дар таҳкурсии SAAB 340 дар охири асри XX сохта шуда, ҳавопаймои гражданӣ нишемани бароҳатро бо изолятсияи садо дорад, аз киштии мусофиркаш ба боркаш табдил ёфта метавонад, ки ин хислат дар соҳаи авиатсияи тиҷоратӣ талаботи хеле калонро дорад. SAAB 2000 барои 50 кас пешбинӣ гардида, қобилият дорад, ки то ба 665 км/соат суръати мӯътадилро нишон диҳад ва масофаи 1 852 км аз худ намояд.

Ширкати SAAB системаи дар ҷаҳон ягонаи ҳифзи авиатсияи гражданиро, дар навбати аввал бизнес-ҷетҳо, аз зарбаи ракетавӣ барпо намудааст. Системаи CAMPS аз рӯи Сертификати Оҷонсии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ амал мекунад.

Барои баҳо додан ба ҳамаи арзандагиҳои навъи номдори ҳавопаймои мазкур, шуморо таклиф мекунем, ки аз хизматрасонӣ доир ба иҷораи SAAB 2000 дар Шветсия аз AVIAV TM(Cofrance SARL) истифода баред. Ин барои рейси чартерии гурӯҳиявӣ – барои чорабиниҳо ва саёҳатҳо дар ин кишвари тааҷҷубовар варианти хеле қулай мебошад.

Ба ғайр аз ин, дар AVIAV TM сохтани ҳавопаймо аз рӯи нақши худ, ҳар модификатсия ва ғунҷоиши нишеман ё таҷдид (апгрейд)-и навъи бозори дуюминро фармоиш додан мумкин. Мо зеринро пешкаш менамоем:

  • Сохтани ҳавопаймои хусусӣ «аз ибтидо то интиҳо»
  • Дизайни шахсии ороиши берунӣ ва дохилии киштии ҳавоӣ
  • Мебел аз фабрикаҳои аврупоӣ ва дастгоҳҳои муосири канорӣ дар нишеман
  • Кат, кинотеатр, ҷакузи дар ҳавопаймо — бо хоҳиши мизоҷ
  • Ҳамроҳии маҷмӯъӣ ва ғамхории мизоҷ аз лаҳзаи муроҷиати нахустин то ба қабули ҳавопаймои тайёр
Stortorget place in Gamla stan, Stockholm Sweden.

Иҷораи ҳавопаймои хусусӣ дар Шветсия тариқи AVIAV TM (Cofrance SARL)

Бо мақсади бо муваффақият истифода бурдани спектри пурраи хизматрасониҳои брокери байналмилалии AVIAV TM ба менеҷерони ширкат иттилооти зеринро пешниҳод кардан лозим:

  • Рӯз ва вақти пешбинишудаи парвоз.
  • Нуқтаҳои оғози парвоз ва фурудоӣ.
  • Шумораи мусофирон.
  • Талабот нисбати нишеман.
  • Андоза ва вазни багоҷ.
  • Шартҳои иловагӣ ва дархостҳои шахсӣ.

Киштии ҳавоии авиатсияи тиҷоратӣ мусофирони хешро ба ҳар фурудгоҳи Шветсия ё ҷаҳон бо бароҳати ниҳоӣ бурда мерасонад. Дар тамоми бандарҳои ҳавоии шоҳдории Шветсия меҳмонон аз минтақаҳои VIP ва толорҳои конфронсӣ истифода бурда метавонанд. Ҳангоми парвоз нишемани киштии ҳавоӣ ба офиси боҳаловат бо тамоми техникаи зарурӣ, қитъаи бароҳати дамгирӣ, территория барои гузаронидани шабнишинӣ ё ҷои ғароиб барои оғози моҳи асалӣ табдил меёбад.

AVIAV TM (Cofrance SARL) бо маслиҳат трансферро пешниҳод мекунад, минҷумла автомобилҳои дараҷаи премиум ва чархболҳо, аз нардбони ҳавопаймо то таги дари отел. Парвози минбаъда тавассути чархболи хусусӣ ё ҳавопаймои авиатсияи хурд низ имконпазир аст.

Helicopter on the river bank

Нархи хизматрасониҳо доир ба иҷораи ҳавопаймоҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар AVIAV TM (Cofrance SARL) дар Шветсия

Парвози яксоата тавассути ҳавопаймои хусусӣ аз як то нӯҳ ҳазор евро нарх дорад.

Авиатсияи сабук — аз як то се ҳазор евро барои як соати парвоз.

Авиатсияи миёна:

— 6–12 мусофирон – аз се то чоруним ҳазор евро барои як соати парвоз;

— 15–40 мусофирон – аз чор то панҷ ҳазор евро барои як соат.

Хизматрасониҳои иловагӣ

AVIAV TM (Cofrance SARL) дар соҳаи парвозҳои тиҷоратӣ хизматрасонии зерини иловагиро пешкаш менамояд:

  • Суғуртаи тиббӣ.
  • Тартиб додани раводид.
  • Ёрии ҳуқуқӣ.
  • Консерж-сервис.
  • Бронкунии отел.
  • Трансфер тавассути нақлиёти шахсӣ.
  • Гуселкунӣ ба минтақаи VIP.
  • Саёҳатҳои чархболӣ.

Бо мо алоқа кунед:



    Это интересно

    tal/язык »
    Яндекс.Метрика Top.Mail.Ru